Гумонбарии донишҷӯи тоҷик ба дуздии iPhone 5 дар Маскав

Муддати беш аз 1 моҳ муҳассили Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбековро барои харидани iPhone-и дуздидашуда дар яке аз тавқифгоҳҳои Маскав нигоҳ медоранд. Бино ба иттилои хабаргузории MR7.ru , қабл аз Соли нав Адим аз рӯи эълони дар шабакаи Интернет нашршуда iPhone-и нав мехарад, вале рӯзи 13-уми феврал бинобар сабаби муроҷиати дуздида шудани […]

ASIA-Plus


Муддати беш аз 1 моҳ муҳассили Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбековро барои харидани iPhone-и дуздидашуда дар яке аз тавқифгоҳҳои Маскав нигоҳ медоранд.

Бино ба иттилои хабаргузории

MR7.ru

, қабл аз Соли нав Адим аз рӯи эълони дар шабакаи Интернет нашршуда iPhone-и нав мехарад, вале рӯзи 13-уми феврал бинобар сабаби муроҷиати дуздида шудани ин телефон ӯро боздошт мекунанд.

Ба қавли ҳимоягари ӯ Татяна Кирпиченко, ин телефон шоми 31-уми декабр рабуда шуда, ин вақт Адим дар хобгоҳ қарор доштааст, ки онро сабти наворҳои камераҳои видеоӣ ва ҳамсояи ҳуҷраи хобгоҳи ӯ – як донишҷӯи Чин низ тасдиқ мекунанд.

Ҳимоятгар изҳор доштааст, ки духтари ҷабрдида аз ҷониби Адим рабуда шудани телефонро тасдиқ намуда, вале дар рӯбарӯкунии аввал ӯ Адимро гунаҳкор надониста будааст. Баъди гуфтугӯ бо муфаттиш ӯ баёноти худро иваз намудааст.

«Далели замони содир шудани ҷиноят дар хобгоҳ қарор доштани гумонбарро тафтишот ҳоло насанҷида, вале муҳлати нигоҳдории Шаҳбозбеков дар тавқифгоҳ 2 моҳ дароз шуд ва акнун ӯро метавонанд аз донишгоҳ хориҷ кунанд. Ӯ донишҷӯи соли дуюми бахши дандонпизишкӣ аст», – таъкид доштааст ҳимоятгари гумонбар.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳамади Эгамзод дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар бораи ин қазия дарҳол ба сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев маълумот дода шуда, ӯ ба хадамоти консулгарӣ ҷиҳати расидагӣ ба ин ҳодиса ва расонидани кӯмаки зарурии ҳамаҷониба ба донишҷӯи тоҷик супориш додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.