Ҳудуди 7,5 км мураббаъи қаламрави Тоҷикистон минадор аст

То ҳанӯз 7,5 километри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон минадор боқӣ мондааст, ки қисмати бештари он – 5,2 км мураббаъаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст. Зимни семниари имрӯза таҳти унвони «Фаъолияти зиддимина дар Тоҷикистон» роҳбари шуъбаи амалиёт оид ба аз мина безараргардонии Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон Парвиз Мавлонқулов гуфт, аз оғози фаъолияти марказ аз […]

Наргис Ҳамробоева


То ҳанӯз 7,5 километри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон минадор боқӣ мондааст, ки қисмати бештари он – 5,2 км мураббаъаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст.

Зимни семниари имрӯза таҳти унвони «Фаъолияти зиддимина дар Тоҷикистон» роҳбари шуъбаи амалиёт оид ба аз мина безараргардонии Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон Парвиз Мавлонқулов гуфт, аз оғози фаъолияти марказ аз мина ва дигар муҳимоти ҷангии натаркида 88 майдони минадор поккорӣ шуда, боз поккории беш аз 170 чунин майдон бо қаламрави умумии ҳудуди 7,5 км мураббаъ дар пеш аст.

«Ҳамасола ҳам аз ҳисоби сапёрони марказу Вазорати мудофиа ва ҳам шарикон аз созмонҳои байнулмилалии FSD (Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии мина) ва «Кӯмаки мардуми Норвегия» ва ғайра зиёда аз 250 нафар барои фаъолияти аз мина безарар гардонидани майдонҳо ҷалб карда мешаванд», – иброз дошт вай.

Зимнан зикр гардид, ки кишварҳои мададрасони ҷараёни безараргардонии майдонҳо аз мина Канада, Олмон, Британияи Кабир, ИМА, Ҷопон, Норвегия ва дигар давлатҳо мебошанд.

Сардори шуъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров дар ин робита изҳор намуд, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нахуст соли 2004 ба Конвенсияи зиддиминаи Оттава пайваста, соли 2004 бо нобуд кардани беш аз 3 ҳазор адад мина аз иҷрои уҳдадорӣ тибқи моддаи 4-и Конвенсия бо сарбадландӣ баромад.

«Шурӯъ аз соли 1975 то имрӯз дар саросари ҷаҳон аз мина ва дигар муҳимоти ҷангии натаркида беш аз 1 млн. нафар ҳалок гардидаанд, ки 80%-и онҳо шаҳрвандони мулкӣ (ғайринизомӣ) мебошанд. Танҳо дар Тоҷикистон аз соли 1999 то кунун аз мина ва дигар лавозимоти ҷангии натаркида 846 нафар осеб дида, 368 нафарашон ҳалок ва 478 тан ҷароҳат бардоштанд, ки 30%-ашонро кӯдакон ташкил медиҳанд», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон», айни замон дар маҳаллаҳои аҳолинишини то ҳол минадор беш аз 350 ҳазор нафар зиндагӣ доранд, ки 75%-и онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.