Э.Раҳмон таъсиси Фонди молиявии МҲО-ро пешниҳод кард

Имрӯз дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё оғоз гардид. Барои иштирок дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷӣ ва ё дигар намояндагони воломақом аз 32 кишвари иштирокдори ин созмон ва ҳам вакилони созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омаданд. Дар оғози ҷаласа, ки бо сухани […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё оғоз гардид. Барои иштирок дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷӣ ва ё дигар намояндагони воломақом аз 32 кишвари иштирокдори ин созмон ва ҳам вакилони созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омаданд.

Дар оғози ҷаласа, ки бо сухани ифтитоҳӣ ва таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷараён гирифт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла изҳор намуд, ки дар қитъаи Осиё зиёданд кишварҳое, ки дастрасии кофӣ ба неъматҳои маъмулии иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ, нерӯи барқ, оби тоза, хизматрасонии тиббӣ ва маориф надоранд. «Мушкилоти зикршуда аҳамияти вусъат додани фаъолияти Муколамаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам болотар мебарад», – гуфт ӯ.

Бо назардошти камбуди нерӯи барқ дар аксари кишварҳои минтақа Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард. «Ба андешаи мо, гидроэнергетика ба ҳайси яке аз унсурҳои муассир дар ин самт, метавонад ба барномаи афзалиятноки рушди устувор табдил ёбад. Захираҳои бои обӣ ба мо имкони нодиреро барои рушди ин бахш фароҳам овардаанд. Татбиқи чунин барнома метавонад аҳолии кишварҳои минтақаро ба нерӯи барқи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд», – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки аз замони таъсис ёфтани Муколамаи ҳамкории Осиё беш аз даҳ сол сипарӣ шуд ва дигаргуниҳои зиёде, ки дар ин давра дар сиёсати ҷаҳонӣ ба вуқӯъ пайвастанд, дурустии ташкили Муколама ва зарурати такмил ва тавсеа бахшидани мазмуну мундариҷаи фаъолияти онро собит сохтанд.

Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки Муколама бояд стратегияи рушди устувори кишварҳои иштирокдорро тарҳрезӣ намояд ва барои баррасии масъалаҳои таҳкими фаъолияташ гурӯҳҳои кории соҳавӣ таъсис диҳад. «Гузашта аз ин, таъсис додани гуруҳҳои коршиносони кишварҳои иштирокдори Муколама ҷиҳати муайян кардани тадбирҳои муштарак оид ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди энергетика ва инфрасохтор дар минтақаи Осиё имконияту пешомадҳои зиёдро дар ин самтҳо ошкор карда метавонад», – зикр кард ӯ.

Ғайр аз ин президенти Тоҷикистон таъсис додани Фонди молиявии муколамаро пешниҳод намуд. «Фикр мекунам, ки бо таъсис додани фонди молиявии худ Муколама метавонад маблағҳои кишварҳои алоқамандро ҷалб ва мутамарказ намуда, онҳоро ҳадафмандона барои дастгирии кишварҳои ниёзманд, хусусан ҷиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ равона созад», – афзуд сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.