Мусоидати БҶ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони Тоҷикистон

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари барномаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба муҳоҷирати корӣ дар Осиёи Марказӣ Степан Титов мулоқот орост. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар мулоқот масоили амалисозии лоиҳаҳои марбут ба танзими раванди муҳоҷирати корӣ, таъсиси марказҳои заминавии омодагии томуҳоҷират […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари барномаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба муҳоҷирати корӣ дар Осиёи Марказӣ Степан Титов мулоқот орост.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар мулоқот масоили амалисозии лоиҳаҳои марбут ба танзими раванди муҳоҷирати корӣ, таъсиси марказҳои заминавии омодагии томуҳоҷират ва самтҳои афзалиятноки омӯзиши муҳоҷирони имконпазир ба забонҳои хориҷӣ ва касбҳои бозоргиру зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Степан Титов ба ҳамсуҳбати худ перомуни бо кадом мақсадҳо ҷудо гардидани маблағҳои БҶ ба бахши муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода, ба дастгирии баргузор намудани тренингу семинарҳо барои кормандони Хадамот бо ҷалби мушовирони байнулмилалӣ, сафарбар кардани онҳо ба Русия ва дигар кишварҳои пешрафта ҷиҳати боло бурдани сатҳи касбиашон изҳори омодагӣ намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бобати таҳкими самтҳои ниҳодии ҳамкорӣ барои рушди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории Тоҷикистон тасмим гирифта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.