Дафтари украинии Интерпол боздошти Абдуллоҷоновро қонунӣ мешуморад

Зимни конфронси матбуотии рӯзи 28-уми март роҳбари Дастгоҳи кории Дафтари Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) дар Украина Василий Неволя изҳор кард, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонв бо асосҳои қонунӣ боздошт шудааст. Бино ба навиштаи хабаргузории UNN, Неволя зикр кардааст, ки нисбати Абдуллоҷонов мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корти баҳисобгирӣ бо гӯшаи сурхро гузоштаанд, ки маънои […]

ASIA-Plus


Зимни конфронси матбуотии рӯзи 28-уми март роҳбари Дастгоҳи кории Дафтари Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) дар Украина Василий Неволя изҳор кард, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонв бо асосҳои қонунӣ боздошт шудааст.

Бино ба навиштаи хабаргузории UNN, Неволя зикр кардааст, ки нисбати Абдуллоҷонов мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корти баҳисобгирӣ бо гӯшаи сурхро гузоштаанд, ки маънои «бо мақсади истирдод»-ро дорад.

Номбурда илова намудааст, ки айни замон нисбати собиқ нахуствазири Тоҷикистон масоили ҳуқуқӣ мавриди ҳаллу фасл қарор доранд ва дар ҳамин ҳол, таъкид доштааст, ки «чӣ гуна қарор қабул шудан ҳоло номаълум аст».

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврали соли равон дар фурудгоҳи байнулмилалии «Бориспол»-и шаҳри Киев бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 7-уми феврал суд оид ба ҳабси муваққатии Абдуллоҷонов ба муҳлати 40 рӯз қарор қабул кард, ки дар ин муддат ҳукуматдорони Тоҷикистон мебоист ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати асоснок будани истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро пешниҳод мекарданд.

Даҳаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ суди ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев нисбати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов

чораи ҳабси истирдодиро

мавриди амал қарор дод.

Ҳамин тариқ суд дархости прокуратура дар бораи қабули қарор оид ба ҳабси истирдодии Абдуллоҷонов бинобар сабаби то ба аҳол ба итмом нарасидани санҷиши истирдоди ӯро қонеъ сохт. «То ҳалли масъалаи истирдоди ӯ ҳабси истирдодии Абдуллоҷонов муқаррар карда шавад, вале на зиёдтар аз 12 моҳ», – гуфта шудааст дар таъиноти суд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.