Боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ростов

Дар шаҳри Ростови лаби Дон мақомоти пулиси Русия 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони таҷовуз ба номуси як сокини Украина боздошт кард. Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс» ба истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар минтақаи саноатии шаҳри Ростов ҷиҳати боздошти як гурӯҳи тоҷикистониён, ки ба амалҳои зӯроварӣ нисбати як зане аз Украина […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Ростови лаби Дон мақомоти пулиси Русия 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони таҷовуз ба номуси як сокини Украина боздошт кард.

Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс» ба истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар минтақаи саноатии шаҳри Ростов ҷиҳати боздошти як гурӯҳи тоҷикистониён, ки ба амалҳои зӯроварӣ нисбати як зане аз Украина гумонбар дониста мешуданд, чорабиниҳои фаврӣ гузаронида шуда, онҳо ҳамроҳ дар як майдони сохтмонӣ машғули кор будаанд.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Ростов ба хабаргузории NEWSru.com хабари боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов гуфтаанд, тоҷикони боздоштшуда дар таҷовуз ба номуси зан гумонбар дониста намешаванд.

«Дарвоқеъ ҳам як гурӯҳ тоҷикон дар шаҳри Ростови лаби Дон боздошт шудаанд, вале онҳо дар таҷорвуз ба номуси зан гумонбар дониста намешаванд. Муайян шудааст, ки ин зан шаҳрванди Украина нест», – изҳор кардаанд дар хадамоти матбуоти мазкур.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия сабаб ва ҳолатҳои боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Ростови лаби Донро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додааст.

«Тибқи қонунгузори мавҷуда, мақомоти дахлдори Русия бояд дар муддати 72 соат сафоратро дар бораи ин ҳодиса огоҳ месохтанд, аммо онҳо то ҳанӯз ба мо дар ин хусус хабар надодаанд», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» шоми 31-уми март намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳамад Эгамзод.

Ба қавли вай, сарфи назар аз чунин ҳолат, худи ҳамон рӯз бо супориши роҳбари хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева кормандони масъули сафорат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ростов дар тамос шуда, онҳо боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ намудаанд.

«Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов бегуноҳ будани шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро изҳор намуд», – таъкид кард М.Эгамзод.

Номбурда афзуд, айни замони шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Хадамоти муҳоҷирати вилояти Ростов мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.