Баррасии омодагиҳо ба сафари Янукович ба Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк масоли кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молияву бонк, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетикаву саноат, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими муносибот дар бахшҳои соҳибкориву тиҷорат,  ҷалби сармоя ва муҳимияти рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба натиҷаҳои рушди иқтисоди кишвар ва рӯзмарраву муҳим будани пазируфта шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин масъалаҳои натиҷаи ҷаласаи Комисссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо, ки аввали моҳи март дар Душанбе баргузор шуд ва тақвияти фаъолияти он низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот инчунин ҷараёни корҳои омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи президенти Украина Виктор Янукович ба Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...