Назари Қувватов дар бораи номзади имконпазири президентӣ

spot_imgspot_img

Дата:


Дар видеохостинги Youtube сабти тозаи аудиоии пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.

Қувватов мегӯяд, мебояд ҳатман ҳолнома, фаъолият, эътиқод ва барномаи номзад мавриди омӯзиш қарор бигирад. «Ман бештар ба ҷавонони ҷадид эътимод дорам, вале афроде низ ҳастанд, ки мехоҳанд дар ин бозии сиёсӣ бештар имтиёз ба даст оранд ва фоҷеаовар хоҳад буд, агар онҳо то интихоботи президентӣ бирасанд», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Қувватов, ӯ иштибоҳоти мухолифин дар соли 1992-ро, ки ба оқибатҳои мудҳиш боис шуданд, ба инобат мегирифт. «Ман касонеро ҳурмат мекунам, ки ҳақиқатро мегӯянд ва устуворона аз ақидаи худ ҳимоят мекунанд, вале ба афроде, ки бо сарусадо пайдо шуда, худро таблиғ карланианд, эътимод надорам», – зикр кардааст Қувватов.

Ӯ бар ин назар аст, ки мардум набояд ба аз ҷониби ҳукумат пешбарӣ шудани шахси сохтаву таҳмилӣ ба сифати номзад роҳ бидиҳад ва ин шахсро дарҳол метавон мушаххас намуд, зеро 90% танҳо ба мадҳи ӯ хоҳанд пардохт.

 Қувватов роҳандозии маърака барои таъмини шаффоф ва қонунӣ баргузор шудани интихоботи президентӣ ва пешниҳоди далелҳои навбатии айбдоркунандаи ҳокимияти кунуниро ваъда кардааст, вале ба ҷуз ваъда, алҳол дигар чизе нест.

Ёдрас мекунем, ки айни замон Қувватов дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Дубай (АМА) қарор дошта, масъалаи истирдоди минбаъдаи ӯ ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд.

Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...