Корхонаи нави коркарди пӯст ба кор медарояд

Аввали моҳи майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи нави коркарди ашёи хоми чорво (пӯст) мавриди истифода қарор мегирад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, корхона бо иқтидори истеҳсолии коркарди 150 ҳазор пӯст дар як сол то маҳсулоти ниҳоӣ таъсис ёфта, аз ҷониби корхонаи муштараки «Тоҷик-Хуа-Ши Тай»-и Тоҷикистону Чин бунёд мешавад. […]

ASIA-Plus


Аввали моҳи майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи нави коркарди ашёи хоми чорво (пӯст) мавриди истифода қарор мегирад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, корхона бо иқтидори истеҳсолии коркарди 150 ҳазор пӯст дар як сол то маҳсулоти ниҳоӣ таъсис ёфта, аз ҷониби корхонаи муштараки «Тоҷик-Хуа-Ши Тай»-и Тоҷикистону Чин бунёд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои фаъолияти корхона ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА аз Чин таҷҳизот харидорӣ шуда, айни замон васлу насби онҳо идома дорад.

Зимнан зикр гардид, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав  30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, давоми семоҳаи аввали соли 2013 аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба миқдори ҳудуди 228 ҳазор дона пӯсти чорвои шохдори калон ва хурд коркард гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 43% бештар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.