Мақомоти тафтишот дар садамаи нақлиёте, ки ахири соли гузашта рух дода, боиси марги як нафар гардида буд, иштирок доштани автомашинаи сафоратхонаи ИМА-ро муайян кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари марҳум хабар дод, ташхиси техникӣ аз ҷониби автомашинаи Volkswagen Tuareg таҳти рақами дипломатии 004 D 005-и мутааллиқ ба сафорати ИМА пахш шудани Неъматҷон Бердиеви 52-соларо тасдиқ намудааст. Автомашина дар ихтиёри корманди сафорат Фэррер Дэвид қарор дошта, пас аз ду рӯзи ин ҳодиса ӯ қаламрави Тоҷикистонро тарк кард.
Ба гуфтаи А.Бердиев, нусхаҳои натиҷаҳои ташхиси аз ҷониби ВКД доиргардида ба ӯ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон фиристода шудаанд, вале то ҳанӯз намояндагии дипломатии ИМА дар ин хусус посухе нагуфтааст.
Муфаттиши ВКД Тоҷикистон Шукрулло Раҳимов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» далели аз ҷониби ташхис муайян шудани иштироки автомашинаи сафорати ИМА дар садамаро тасдиқ намуда, аз ифшои ҷузъиёти дигар худдорӣ варздид.
Ёдрас мекунем, ки ба гуфтаи бародари марҳум, шоҳидон гуфтаанд, пас аз
пахш намудани роҳгузар,
автомашина суръати ҳаракатро каме паст карда, сипас дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Кормандони БДА ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, далелҳои шайъӣ – қисмати бампери пеш, панҷара ва чароғҳои равшанидиҳиро бо худ гирифтаанд. То ҷое, ки ман огаҳам, кормандони БДА автомашинаро дар манзили хусусие дар кӯчаи Чехов, ки кормандони сафорати ИМА онро иҷора гирифтаанд, дарёфт намудаанд, вале баъдтар автомашинаро ба қаламрави сафорат дар ИМА бурдаанд. Муддати зиёде ба муфаттишон муяссар намегардид, ки ташхиси техникии автомашинаро баргузор кунанд.
Дар ҳамин ҳол, 23-юми январи соли равон сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон
ҳамкорӣ мекунад
ва намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.





