Муноқишаи сокинони маҳаллӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни сокинони як деҳаи Қирғизистон ва ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон муноқиша рух дод.

Бино ба иттилои хабаргузории Cazeta.ru бо такя ба гуфтаҳои сардори Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии вилояти Ботканд Арстан Устенов, муноқиша аз он сар задааст, ки дар роҳи самти чарогоҳ сокинони деҳаи қирғизӣ бидуни огоҳии марзбонон ба корҳои таъмир оғоз намуда, шаҳрвандони тоҷик коргарони қирғизро аввал лату кӯб ва сипас ба қаламрави Тоҷикистон меоранд.

Ба иттилои хабаргузории 24.kg, намояндаи ваколатдори нахуствазир дар вилояти Ботканд Жениш Раззоқов изҳор намудааст, ки «муноқиша миёни сокинони деҳаи Оқ-Сой ва Ворух ҳаллу фасл шуда, чор нафар шаҳрвандони ҷароҳатбардоштаи Қирғизистон дар хонаашон муолиҷа мегиранд».

Гуфта мешавад, бар асари муноқиша се нафар шаҳрвандони Тоҷмикистон низ ҷароҳат бардошта, айни замон вазъ дар марз муътадил мебошад.

Тавре дар сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар дода мешавад, муноқишае, ки рӯзи 27 апрели соли равон байни чанд нафар шаҳрвандони  ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ҷамоати деҳоти Ақсойи ноҳияи Баткенти Қирғизистон барои истифодаи роҳи умумии байни ҷамоатҳои мазкур ба вуҷуд омада буд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба таври оҷилӣ пешгирӣ карда шуда, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.

Айни замон вазъият дар ин минтақа комилан орому осуда буда, мардум ба кору зиндагии доимии хеш машғул мебошанд. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...