Даъвои маҳкумшудаи тоҷик алайҳи Русия қонеъ шуд

Дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон даъвои шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев алайҳи Русия қонеъ карда шуд. Тобистони соли гузашта С.Ҷӯраев дар ватан ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум шуда буд. Тавре роҳбари барномаи «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Институти ҳуқуқи инсон (Русия) Елена Рябинина хабар додааст, мувофиқи қарори суд ҳукуматдорони Русия ба даъвогар бояд 30 ҳазор […]


Дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон даъвои шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев алайҳи Русия қонеъ карда шуд. Тобистони соли гузашта С.Ҷӯраев дар ватан ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум шуда буд.

Тавре роҳбари барномаи «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Институти ҳуқуқи инсон (Русия) Елена Рябинина хабар додааст, мувофиқи қарори суд ҳукуматдорони Русия ба даъвогар бояд 30 ҳазор евро товони зарари маънавӣ ва 5,9 ҳазор евро ҷуброни хароҷоти судӣ пардохт кунанд.

Ҷӯраев соли 2006 ба Русия омада, моҳи ноябри соли 2009 дар робита ба мавриди пайгард эълон шуданаш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар Маскав боздошт мешавад. Он замон Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро боздошта, ғайр аз ин ба ӯ дар Русия паноҳгоҳи муваққатӣ дода шуд. Шаби 31-уми октябр ба 1-уми ноябри соли 2011 ӯ аз Маскав рабуда шуда, баҳори соли 2012 дар Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум гардид.

Суд муқаррар кардааст, ки ҳукуматдорони Русия ба нақзи моддаи 3-и Конвенсияи Аврупо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳ дода, аризадиҳандаро аз хатари мавриди шиканҷаву кирдори золимона қарор гирифтан ҳифз накардаанд ва аз амали дуздиву маҷбуран ба Тоҷикистон бурдани ӯ пешгирӣ накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.