Боздиди вазири рушди байнулмилалии Финландия аз дафтари БРСММ дар ҶТ

Вазири рушди байналмиллалии Финландия хонум Ҳейда  Ҳаутала  дар  ҷараёни  сафари аввали худ ба Тоҷикистон бо намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон вохӯрда, ҳамчунин дар кори конфронси «Баробарӣ дар назди қонун: дастёбӣ ба адолати ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна, таъмини ҳуқуқи занон: қонунсозӣ ва иҷро» ширкат варзид. Тавре аз Дафтари Баррномаи рушди СММ (БРСММ) дар ҶТ хабар доданд, зимни […]

ASIA-Plus


Вазири рушди байналмиллалии Финландия хонум Ҳейда  Ҳаутала  дар  ҷараёни  сафари аввали худ ба Тоҷикистон бо намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон вохӯрда, ҳамчунин дар кори конфронси «Баробарӣ дар назди қонун: дастёбӣ ба адолати ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна, таъмини ҳуқуқи занон: қонунсозӣ ва иҷро» ширкат варзид.

Тавре аз Дафтари Баррномаи рушди СММ (БРСММ) дар ҶТ хабар доданд, зимни ин сафар хонуми Вазир  ба дафтари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ташриф овард, ки он ҷо бо Ҳамохангсози  доимии СММ  ва  Намояндаи доимии БРСМММ  дар Тоҷикистон ҷаноби Александр Зуев, Мудири кишварии  БРСММ  дар Тоҷикистон чаноби Норимаса Шимомура мулоқот намуд.

Дар толори ҷаласоти Барномаи Рушди  СММ як силсила иттилооти деворӣ, ки аз фаъолияту иҷрои барномаҳои асосӣ маълумот медоданд ба маърази намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон коршиносони Барномаи Рушди  СММ дар мавриди аҳдофи мавҷуда, муваффақиятҳову натоиҷи барномаву лоиҳаҳо, ки ба рушди кишвар ва беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд, ба  Вазири Рушди Байналмиллалии Финланлия хонум Ҳейда  Ҳаутала  иттилоъ доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба лоиҳаи: «Европаи васеъ: мусоидат ба тиҷорат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Кафкази Шимолӣ ва ғарби Кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ» зоҳир шуд, ки аз  ҷониби Финландия сармоягузорӣ мешавад.  Вазири Рушди Байналмиллалии Финланлия хонум Ҳейда  Ҳаутала  дар баҳсу музокирот, ки ба масоили ҳамкориҳои судбахши оянда ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахши тиҷорат ва рушди сохибкории хурду миёна дар ҷумхурии Точикистон, рабт доштанд, фаъолона ширкат намуд. 

Ҳейда  Ҳаутала, депутати Парламенти Европа аз ҳизби Сабзҳои Финландия аст.  Дар Парламенти Европа зеркумитаи  ҳуқуқи башарро  сарварӣ мекунад, яъне масъули сиёсати берунаи Парламенти Европа дар ин масоил аст. У ба имкони беҳ намудани  ҳуқуқи инсон, шафоияти фаъолияти сиёсӣ, иртифои масъулияти экологӣ ва адолати сартосарӣ итминон дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.