Оғози маҷлиси ҳамасолаи БОР дар Ҳиндустон

Имрӯз дар шаҳри Нойдаи Ҳиндустон маҷлиси 46-уми ҳамасолаи Бонки осиёгии рушд (БОР) ба кор шурӯъ мекунад. Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазири ҶТ Матлубхон Давлатов сарварӣ мекунад, ки идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон аст. Дар кори ҷаласа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф […]


Имрӯз дар шаҳри Нойдаи Ҳиндустон маҷлиси 46-уми ҳамасолаи Бонки осиёгии рушд (БОР) ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазири ҶТ Матлубхон Давлатов сарварӣ мекунад, ки идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон аст. Дар кори ҷаласа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода низ ширкат хоҳад варзид.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи ҳамасолаи БОР вазирону шахсони расмии сатҳи болоии ҳукуматҳо, тоҷирони маъруф, намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзида, соли равон бо шумули намояндагони васоити ахбори умум аз иштироки 4 ҳазор нафар интизорӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар маҷлис масоили беҳбуди дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба имконоти иқтисодиву хизматгузориҳои иҷтимоӣ, аз қабили маорифу тандурустӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, таъмини рушд дар ҷаҳони тағйирёбанда, суръатбахшӣ ба ҳамгиройии минтақавӣ ва дигар масоили муҳими рӯзмарра баррасӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.