Роҳандозии хати худгарди сабти мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе

Аввали ҳафтаи равонз дар фурудгоҳи Душанбе хати худгарди системаи сабти номи мусофирон роҳандозӣ шуд. Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, нимаи дуюми соли 2012 системаи нави сабти номи мусофирон мутобиқи талаботи Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) насб карда шуд. Системаи нави сабти ном аз ду таҷҳизоти пуриқтидори Рапискан ва тасмаҳои худгард иборат […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равонз дар фурудгоҳи Душанбе хати худгарди системаи сабти номи мусофирон роҳандозӣ шуд.

Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, нимаи дуюми соли 2012 системаи нави сабти номи мусофирон мутобиқи талаботи Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) насб карда шуд. Системаи нави сабти ном аз ду таҷҳизоти пуриқтидори Рапискан ва тасмаҳои худгард иборат буда, тамоми раванди кор автоматӣ аст.

Бағоҷи мусофир аз нуктаи «А» то нуктаи «Б» тариқи дастгоҳҳои назоратӣ мавриди таҳқиқ ва санҷиш қарор гирифта, ҳаракат мекунад. Дар сурати пайдо гардидани шубҳа бағоҷ ба таҷҳизоти назоратии қавӣ меравад ва ҳангоми зери шубҳа қарор гирифтани бағоҷ таҷҳизоти назоратӣ бағоҷро ба мавзеи назорати дастӣ интиқол медиҳад ва бағоҷи шубҳанок дар ҳузури соҳиби бағоҷ, намояндагони фурудгоҳ ва корманди хадамоти гумрук аз назар гузаронида мешавад.

Барои назорат ва роҳандозӣ намудани системаи мазкур, ки хело муракаб аст,  ҷониби ширкати Рапискан ба кормандони фурудгоҳ ва гумрукчиён курсҳои омӯзишӣ ташкил намуд.

Имрӯз дар ҳузури намояндагони ҳамаи сохторҳои қудратии дар фурудгоҳ амалкунанда хати худгард роҳандозӣ карда шуд. Намояндагони хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, ШКД назди фурудгоҳ ва сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт раванди кори системаи навро назорат намуданд.

Бо роҳадозӣ шудани хати худгард ва назорати автоматӣ мушкили мусофирон ва кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳ хело осон гардида, амнияти парвозҳо таъмин карда мешавад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.