Боздиди ҳайати Финландия аз палатаи поёнии парлумон

Имрӯз раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов бо ҳайати Финландия таҳти сарварии вазири рушди байналмиллалии ин кишвар хонум Ҳейда  Ҳаутала мулоқот орост. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. А.Азимов гурӯҳи […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов бо ҳайати Финландия таҳти сарварии вазири рушди байналмиллалии ин кишвар хонум Ҳейда  Ҳаутала мулоқот орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

А.Азимов гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Финландияро сарварӣ мекунад. Ӯ меҳмононро бо сохтор ва фаъолияти рӯзмарраи палатаи поёнии парлумони ҶТ шинос намуда, таъкид дошт, ки «рушди ҳамкории ҷонибҳо дар бахши қонунофарӣ ба таҳкими муносибатҳои мутақобила дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмиву фарҳангӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт».

Дар навбати худ, Ҳейда  Ҳаутала зикр кардааст, ки Финландия дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Тоҷикистон манфиатдор буда, «вазъи кунунии ин муносибатҳо ҷонибҳоро қонеъ намесозад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.