Нахуствазири Эстония вориди Тоҷикистон шуд

Date:


Субҳи имрӯз нахуствазири Эстония Андрус Ансип бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президент Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар фурудгоҳ Андрус Ансипро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешвоз гирифт.

Дар ҷараёни сафари нахуствазири Эстония, ки то рӯзи 7-уми май идома меёбад, вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, раиси палатаи поёни парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамчунин директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар назар аст.

Рӯзи сешанбе ӯ дар ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат хоҳад варзид. Дар ин ҳамоиш аз иштироки даҳҳо ширкатҳои эстонӣ интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эстония 3,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related