Нигаронии намояндагии ИА аз латукӯби М.Ҳаит

Date:


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳамла ва латукӯби муовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит изҳори нигаронӣ ва ин амалро маҳкум мекунад.

Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки намояндагии ИА аз ҳукумати Тоҷикистон гузаронидани тафтишоти амиқи ин ҳодисаро дархост мекунад. «Азбаски ҷаноби Ҳаит намояндаи ҳизби муҳими қонунии мухолифин аст, муомилаи шаффофи ҳодиса барои эътимодияти интихоботи президентӣ аҳамияти муҳим дорад», – баён мегардад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳороти мазкурро бо ризогии сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ менамояд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related