Зимни кофтукови дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд мусодира шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои З.Саидов хабар дод, дар манзили Саидов ҳеҷ чизи муҳиме барои тафтишот пайдо нагардида, аз хонаи бародари ӯ якчанд адад маснӯоти тилоӣ мусодира шудааст. «Ман бар ин назарам, ки кофтуков ғайриқонунӣ гузаронида шуд, зеро Зайд Саидов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, муфаттишон бидуни маҳрум кардани ӯ аз мақоми дахолатнопазирӣ, ба баргузории кофтуков ҳуқуқ надоштанд», – мутмаин аст адвокат.
Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба ҷониби ҳимоят барои вохӯрӣ бо зерҳимояашон имкон надодаанд. «Имрӯз соати 10:00 вохӯрӣ бо Саидовро ба мо ваъда доданд», – иброз дошт Қудратов.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ
иттилоия пахш намуд.
Ҳамчунин чанде пеш иттилоъ дода будем, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар манзили зист ва дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ
кофтуков гузарониданд.


