«Тоҷик Эйр» дар сафи ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоии дунё

Портали марказии иттилооти инсайдерии ҷаҳон Business Insider мустақилона рейтинги «20 ширкати бадтарини ҳавопаймоии дунё» ( The 20 Worst Airlines In The World )-ро тартиб додааст, ки тавассути дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс) ҳамлу нақл анҷом медиҳанд. Дар ин рӯйхат ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷик Эйр» бо рейтинги 43,3 балл аз 100 балли имонпазир барои дараҷаи […]

ASIA-Plus


Портали марказии иттилооти инсайдерии ҷаҳон Business Insider мустақилона рейтинги «20 ширкати бадтарини ҳавопаймоии дунё» (

The 20 Worst Airlines In The World

)-ро тартиб додааст, ки тавассути дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс) ҳамлу нақл анҷом медиҳанд. Дар ин рӯйхат ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷик Эйр» бо рейтинги 43,3 балл аз 100 балли имонпазир барои дараҷаи иқтисодӣ мақоми 9-умро касб кардааст.

Зикр мегардад, ки садамаи охирини марговари ҳавопаймои ширкат соли 1997 рух дода, ҳамаи 79 нафар мусофирон ва аз 7 нафар кормандони ҳайати халабонон 6 тан ба ҳалокат расиданд.

 

Бино ба маълумоти Aviation Safety Network, ду садамаи соли 1993 ба марги беш аз 120 нафар боис гардиданд.

Дар мақоми аввали рӯйхати ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоии дунё барои дараҷаи иқтисодӣ «Хатҳои ҳавопаймоии Туркманистон» (30,8 балл), зинаи дуюм – «Хатҳои ҳавопаймоии Судон» (33,3 балл) ва дар ҷойи сеюм – Хатҳои ҳавопаймоии байнулмилалии Украина (36,3 балл) ҷойгир шудаанд.

Зинаҳои баъдиро Uzbekistan Airways (Ӯзбекистон), Air Koryo (ширкати ҳавопаймоии Кореяи Шимолӣ), Bulgaria Air (Булғористон), ГТК “Россия” ва Iceland Express (Исландия) ишғол кардаанд. Мақоми охири даҳгонаи ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоии дунёро бо рейтинги 44,8 балл ширкати ҳавопаймоии «Syrian Air»-и Сурия касб намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.