Маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев ба сифати шоҳидони иловагӣ дар мурофиаи судии парвандаи марги маҳкумшуда Ҳамза Икромзода ба Душанбе оварда намешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, онҳо дар ин хусус дархости дахлдор пешниҳод намуда, вале бидуни шарҳи сабаб он аз ҷониби судя рад шудааст.
Ба қавли ӯ, аз ин рӯ, имрӯз ба нишони эътироз намояндагони ҷониби ҷабрдида – хешовандону наздикони Ҳамза Икромзода ба мурофиа наомадаанд. «Онҳо то ҳол ба сифати шоҳид даъват намудани маҳбусони зикршудаи муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷандро тақозо доранд, ки аз онҳо ба гуфтаашон, метавон баёноти боэътимод ба даст овард. Онҳо ҳамчунин исрор доранд, ки мурофиаи судӣ на дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ, балки дар бинои суд гузаронида шавад», – зикр кард адвокат.
Холматова ҳамчунин изҳор намуд, ки то имрӯз 7 нафар шоҳидон – маҳбусони тавқифгоҳи муваққатии №1-и пойтахт бозпурсӣ шуда, аксари онҳо баёнот додаанд, ки дарвоқеъ ҳам Ҳамза Икромзода қабл аз марг мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта буд.
Ёдрас мекунем, ки мурофиа бо эълони хулосаи айбнома нисбат ба айбдоршаванда – корманди фаврӣ Маҳмуд Исмоилов оғоз гардид, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор карда мешавад. Нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Парвандаи ҷиноятии мазкур аз се боб иборат аст. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рустам Мирзоев ҷараён дорад.
Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Ҳамчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.


