Э.Раҳмон: Тӯли 2 сол варзишгарони тоҷик 19 маротиба чемпиони ҷаҳон шуданд

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи ҷавонон бо зиёда аз 2200 нафар ҷавонони пешсафу ташаббускори ҷумҳурӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар ду соли охир варзишгарони тоҷик дар 152 мусобиқаи  байналмилалӣ иштирок намуда, 730 медал, […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи ҷавонон бо зиёда аз 2200 нафар ҷавонони пешсафу ташаббускори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар ду соли охир варзишгарони тоҷик дар 152 мусобиқаи  байналмилалӣ иштирок намуда, 730 медал, аз ҷумла 210 тилло, 208 нуқра ва 312 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи перзидент, дар ҳамин давра варзишгарони Тоҷикистон 19 маротиба унвони чемпиони ҷаҳон, 70 маротиба унвони қаҳрамонони мусобиқаҳои Осиёро ба даст оварда, дар 64 мусобиқаи ҷаҳонӣ ва 156 қувваозмоии Осиё соҳиби ҷоиза гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки варзишгарони Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ аз мусобиқаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва ҷаҳон ҳамагӣ 113 медал ба даст оварда, танҳо 10 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ ба унвони чемпиони ҷаҳон сазовор шуда буданд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки теъдоди федератсияҳои варзишии кишвар имрӯз  ба зиёда аз 50 адад расида, шумораи ҷавононе, ки бо намудҳои гуногуни варзиш машғуланд, то 15 фоиз афзудааст.

Президенти мамлакат ҳамчунин гуфт, тайи ду соли ахир дар ҷумҳурӣ қариб 2ҳазору 400 толору майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 242 млн. сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар ҳар кадоми онҳо аз 500 то 2000 нафар иштирокчиёну мухлисон имкони иштирок намудан доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.