Натиҷагирӣ аз фаъолияти ФБД дар моҳи май

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) аз фаъолият дар моҳи майи соли равон натиҷагирӣ намуд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, аз руи ҳисобҳои пешакӣ, дар моҳи майи соли 2013 фурудгоҳ ба 1284  рейсҳои дохилӣ ва берунӣ хизмат расонидааст. «Дар ин моҳ аз хизматрасониҳои фурудгоҳи Душанбе 95394 мусофир истифода кардаанд, ки аз ин шумора 37008 […]

ASIA-Plus


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) аз фаъолият дар моҳи майи соли равон натиҷагирӣ намуд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, аз руи ҳисобҳои пешакӣ, дар моҳи майи соли 2013 фурудгоҳ ба 1284  рейсҳои дохилӣ ва берунӣ хизмат расонидааст. «Дар ин моҳ аз хизматрасониҳои фурудгоҳи Душанбе 95394 мусофир истифода кардаанд, ки аз ин шумора 37008 нафар мусофири омада ва 58386 нафар мусофири рафта мебошанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Шодиев, дар хатсайрҳои маҳаллӣ, ки асосан парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ сурат мегиранд, ба 316 рейс хизмат расонида шудааст. «Адади мусофирони омада 2331 ва рафта 2175 нафаро ташкил карда, дар маҷмӯъ дар хатсайрҳои маҳаллӣ ба 4506 мусофир хизмат расонида шуд», – афзуд сухангӯи фурудгоҳ.

Қобили зикр аст, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз бузургтарин фурудгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, шумори ҳамлу нақли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Аз хизматрасониҳои ФБД солҳои 2010-1066450, 2011-1132911 ва соли 2012-1349164 мусофирон истифода кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.