Оғози идомаи сохтмони манзилҳои саҳҳомони «Мовароуннаҳр»

Пас аз маҷлиси муштарак, ки санаи 2-юми июн доир гардид, саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» тасмим гирифтанд, ки мустақилона ба идомаи сохтмони манзилҳои нотамомашон идома бидиҳанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, санаи 6-уми июн Суди олӣ нодурустии қарори судро шарҳ дода, пас аз ин ширкат барои идомаи сохтмони биноҳо […]

ASIA-Plus


Пас аз маҷлиси муштарак, ки санаи 2-юми июн доир гардид, саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» тасмим гирифтанд, ки мустақилона ба идомаи сохтмони манзилҳои нотамомашон идома бидиҳанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, санаи 6-уми июн Суди олӣ нодурустии қарори судро шарҳ дода, пас аз ин ширкат барои идомаи сохтмони биноҳо сармоягузорони дохилӣ ё хориҷиро ҷалб карда метавонад.

«Мо дар дар даст мактуби Прокуратураи генералӣ дар бораи бекор шудани манъи муомилоти марбут бо сохтмони иншооти нотамоми ширкатро дорем ва ин кофист, ки сохтмон идома ва ҳатто саҳҳомон аз ҳисоби худ бунёди манзилҳояшонро ба итмом расонанд.

Иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкати «Моврароуннаҳр» Тӯрабек Охунов қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки дар сурати ҷалби сармоягузорон дар навбати аввал онҳо бо ҳар кадоме аз саҳҳомон шартнома ба имзо мерасонанд, ки дар он харидор ба пардохти қарзи боқимонда аз ширкат дар муҳлати муайян уҳдадор мешавад ва бо назардошти болоравии нархи масолеҳи сохтмон дар муддати ҳудуди 3 соли таваққуф, арзиши манзилҳо ҳамагӣ 2-3 ҳазор доллари ИМА меафзояд, ки ин ҳам нисбат ба нархи бозор 30-40% камтар аст.

Аз замони боздошти собиқ раҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов тирамоҳи соли 2010, иншооти сохтмонаш нотамоми ширкат иборат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт таҳти ҳабс қарор доштанд ва дар он корҳои сохтмонӣ қатъ гардида буданд.

Бино ба маълумоти Суди олии ҶТ,  зарари умумии аз ҷониби ширкат расонидашуда 62 млн. сомонӣ ё худ 14 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Арзиши иншооти сохтмонаш нотамоми таҳти ҳабс қароргирифта хеле камтар аст.

Моҳи июли соли 2012 Суди олии Тоҷикистон раҳбари 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охуновро ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда – ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Дар ҳамин ҳол, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо мавриди афв қарор гирифта, муҳлати ҷазо аз замони боздошти Охунов – 9-уми ноябри соли 2010 ҳисоб мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.