Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмии оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ба Туркманистон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмии оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон маросими

оғози сохтмони

қитъаи туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир мегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.