СММ: Тайи ду сол ҳудуди 870 млн. нафар аз гуруснагӣ азият кашиданд

Директори генералии Ташкилоти ғизои СММ (ФАО) Жозе Гратсиану да Силва аз давлатҳои сайёра даъват кардааст, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ ва нимсерӣ дар саросари ҷаҳон чораҳои қатъӣ андешида шаванд. Дар изҳороти бахшида ба нашри гузориши ҳамасолаи ташкилот «Ваъи корҳо дар бахши ғизо ва кишоварзӣ» ӯ гуфтааст, сарфи назар аз пешравиҳо дар самти коҳиши гуруснагии […]

ASIA-Plus


Директори генералии Ташкилоти ғизои СММ (ФАО) Жозе Гратсиану да Силва аз давлатҳои сайёра даъват кардааст, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ ва нимсерӣ дар саросари ҷаҳон чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар изҳороти бахшида ба нашри гузориши ҳамасолаи ташкилот «Ваъи корҳо дар бахши ғизо ва кишоварзӣ» ӯ гуфтааст, сарфи назар аз пешравиҳо дар самти коҳиши гуруснагии аҳолӣ, ки яке аз шакли нимсерӣ аст, барои бартараф сохтани тамоми шаклҳои нимсерӣ корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод.

Дар гузориши «Низомҳои ғизойӣ барои таъмини истеъмоли ғизои мукаммал» зикр мегардад, ки тӯли солҳои 2010-2012 дар саросари ҷаҳон тақрибан 870 млн. нафар аз гуруснагӣ азият кашидаанд ва ин ҳам бидуни зикри шумори боз якчанд млрд. нафар, ки аз камбуди ғизо ба бемориву вазъи мушкили зиндагӣ дучор шудаанд.

Гуфта мешавад, 2 млрд. нафар аҳолии рӯйи замин ба мушкили норасоии микроэлементҳои ғизойӣ мувоҷеҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1,4 млрд. нафар аз фарбеҳӣ ва 500 млн. нафар аз миқдори зиёди равған дар ҷисмашон азоб мекашанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.