Ташрифи вазири корҳои хориҷии Украина ба Тоҷикистон

Чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ сафири Украина оид ба Конфронси якуми байналмилалии «АВС: Украина ва ҳамшарикон», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Украина баргузор мегардад, иттилоъ дода, даъватномаҳоро ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ сафири Украина оид ба Конфронси якуми байналмилалии «АВС: Украина ва ҳамшарикон», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Украина баргузор мегардад, иттилоъ дода, даъватномаҳоро ба номи шахсони расмии кишвар ҷиҳати иштирок дар он супорид.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масалаҳои вобаста ба сафари дар пешистодаи Раиси САҲА, Вазири корҳои хориҷии Украина Л. Кожараро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.