Як ҳайати ҲХДТ дар Чин қарор дорад

Дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни ҲХДТ ва Ҳизби Коммунистии Хитой аз 30 май то 8 июни соли 2013 сафари як ҳайати иборат аз 15 нафари ҲХДТ ба Ҷумҳурии мардумии Чин идома дорад. Ҳайатро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов роҳбарӣ менамояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ХХДТ, рӯзи 30 май ҳайати […]

ASIA-Plus


Дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни ҲХДТ ва Ҳизби Коммунистии Хитой аз 30 май то 8 июни соли 2013 сафари як ҳайати иборат аз 15 нафари ҲХДТ ба Ҷумҳурии мардумии Чин идома дорад. Ҳайатро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов роҳбарӣ менамояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ХХДТ, рӯзи 30 май ҳайати намояндагии ҲХДТ тибқи Барномаи сафар нахуст аз ноҳияи Мухтори Нинся Хуэй, ки дар маркази шимоли кишвар ҷойгир аст, дидан намуданд. Бояд тазаккур дод, ки аҳолии ноҳияи мазкур 6 472 нафар буда, 36% онро мардуми мусалмон ташкил медиҳанд. Ноҳияи Мухтори Нинся  Хуэй дорои захираҳои бузурги энергетикӣ, об, нафт, гази табии, канданиҳои фоиданок, чарогоҳҳо ва дигар мебошад. Дар соли 2012 маҷмӯи маҳсулоти дохилии он 232,7 миллиард юанро ташкил додааст.

Рӯзи авали сафар хайати намояндагии ҲХДТ аз Намоишгоҳи дурнамо, тарҳрезӣ ва лоиҳаи шаҳри Инчуани пойтахти Ноҳияи Мухтори Нинся-Хуэй, ки масоҳати умумиаш 4 500 метри мраббаъро ташкил медиҳад, дидан намудаанд. Худи ҳамон рӯз мулоқоти расмии ҳайати намояндагии ҲХДТ бо муовини Котиби Ҳизби Коммунистии Чин дар ноҳияи Мухтори Нинся-Хуэй Суй Бо ва дигар намояндагони ҳукумати маҳалӣ вохӯрӣ анҷом доданд, ки он дар фазои ҳусни тафоҳум гузашт.

Рӯзи 31 май ҳайати намояндагии ҲХДТ аз стансияи фотоэлектрикӣ, ки ноҳияро бо қувваи барқи алтернативӣ таъмин менамояд дидан намуда, сипас бо дастовардҳои Боғи саноатии соҳаҳои боғу токпарварӣ ва зироаткории базаи энергетикӣ, саноати кимиёвӣ шиносои пайдо намуданд.

Ҳамчунин, ҳайати намояндагии ҲХДТ аз музофоти Юнъин, деҳаи Начаху, маркази фарҳангии мусалмонони Чин дидан намуда, аз масчиди Натсяху, ки таърихи 500 сола дорад ва аз Боғи фарҳангии халкияти хуэй ва осорхонаҳои он дидан намуданд. Бояд тазакур дод, ки дар осорхонаи он маълумот оид ба таърихи Роҳи Абрещим ва мутаффақирони тоҷик ба мисли Абу Али ибни Сино, Хайём, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ ва ғайра оварда шудааст. Ҳайат ҳамзамон аз кули Шаху ( ша  рег, ху  кул) дидан намуданд. Шиносоӣ бо Осорхонаи Нинся, ки масоҳати умумии он 258 метри мураббаъ буда, вобаста ба мероси фарҳангии ғайримоддии Чин ва дигар халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст хеле ҷолиб буд.

Сафари кории ҳайати намонядагии ҲХДТ дар шаҳри Пекин пойтахти Ҷумхурии мардумии Чин рӯзи 3 июн бо мулоқоти ғайрирасмӣ бо Муовини Директори Раёсати кор бо кишварҳои Аврупо ва Осиё шӯъбаи равобити хориҷии кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Хитой идома ёфта, дар он вобаста ба масоили гуногун табодули назар карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки рӯзҳои 30 май то 1 июни соли 2013 инчунин Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Чин дар кори Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии Осиёи Марказӣ иштирок намуд  ва маърӯзаи пурмуҳтавои мавсуф таваҷҷуҳи тамоми намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсии Осиёи Марказиро ба худ ҷалб намуда, аксари онҳо майли худро  барои  ҳамкорӣ бо ҲХДТ изҳор намуданд. Худи ҳамон рӯз ҳайати намояндагии ҲХДТ  бо фаъолияти корӣ ва ҳизбии Корпоратсияи «Шоунун»-и шаҳри Пекин бо баровардани маъсулоти хоҷагии қишлок, маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ дар ҷаҳон машҳур аст шиносоӣ пайдо намуданд. Сафари хайат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...