Гуфтушуниди вазири тандурустӣ бо сафири Белорус

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук масоили дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳо дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Белорус, сафири Белорус манфиатдории кишвараш дар рушди минбаъдаи ҳмкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъминот бо воситаҳои доруворӣ, расонидани хизматгузориҳои тиббии пулакӣ ва иштирок дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук масоили дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳо дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Белорус, сафири Белорус манфиатдории кишвараш дар рушди минбаъдаи ҳмкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъминот бо воситаҳои доруворӣ, расонидани хизматгузориҳои тиббии пулакӣ ва иштирок дар тендерҳо оид ба воридоти таҷҳизотро изҳор намуд.

Дар навбати худ, Н.Салимов роҳандозии ҳамкориҳои созгор байни вазоратҳои тандурустии кишварҳоро таъкид намуда, ба масъалаи рушди ҳамкориҳо бо Белорус дар самти маълумоти баъдидипломӣ ва таҷрибаандӯзии табибони тоҷик дар муассисаҳои тандурустии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба афзоиши воридоти таҷҳизоту дорувории тиббӣ ба Тоҷикистон аз Белорус, таҳсилоту такмили ихтисоси донишҷӯёну табибони тоҷик дар ин кишвар ва табодули таҷриба дар бахши трансплантология (гузаронидани узви як инсон ба инсони дигар) кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.