Марҳилаи ниҳоии корҳо дар нақби «Чормағзак»

Корҳои сохтмонӣ дар нақби «Чормағзак» мувофиқи ҷадвали нақшаи асосӣ амалӣ шуда истодаанд. Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар қисми шимолии вуруди нақб корҳои бетонрезӣ идома ёфта, дар самти ҷануб ба анҷом расидаанд. «Нақбсозон мунтазири омада расидани беш аз 100 тонна бору ҷиҳози нақб, аз ҷумла ноқилҳои пӯшидаи барқ, трансформаторҳо ва ғайра мебошанд, ки бояд […]

ASIA-Plus


Корҳои сохтмонӣ дар нақби «Чормағзак» мувофиқи ҷадвали нақшаи асосӣ амалӣ шуда истодаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар қисми шимолии вуруди нақб корҳои бетонрезӣ идома ёфта, дар самти ҷануб ба анҷом расидаанд.

«Нақбсозон мунтазири омада расидани беш аз 100 тонна бору ҷиҳози нақб, аз ҷумла ноқилҳои пӯшидаи барқ, трансформаторҳо ва ғайра мебошанд, ки бояд аз корхонаҳои тавлидотии шаҳри Қошқари Чин дастрас шаванд», – иттилоъ медиҳад вазорат.

Ба иттилои манбаъ, бо ворид шудани ин таҷҳизот кори васл кардани онҳо бо суръати дучанд тезонида шуда, кори рангубор дар баъзе ҷойҳо ва қиррезию андоваи сементии дохили нақб то моҳи август идома хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» моҳи сентябри соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолият ба нақша гирифта шудааст.

Арзиши умумии лоиҳи мазкур тақрибан 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, амалисозии он 15-уми марти соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳаи сохтмони нақби «Чормағзак» дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сурат гирифта, паймонкори кулли лоиҳа ширкати чинии China Road аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.