Хатлон: Ҳукм ба собиқ сардори ОБНОН бетағйир боқӣ монд

Date:


Суди вилояти Хатлон ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати собиқ сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и ШВКД шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султоновро бетағйир боқӣ монд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли равон суди шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судя Дурандеш Иброҳимов маҳкумшударо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 316, қ. 4 ((Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 250, қ. 4 (Тамаъҷӯӣ) гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум намуд.

Адвокати ҷониби ҷабрдида Акбар Ҳасанов зикр кард, ки дар маҷмӯъ ӯ бо ҳукми суд мувофиқ буда, нияти аз болои он шикоят бурданро надорад. Дар навбати худ, аз ҳукми суд адвокати маҳкумшуда Барот Беков розӣ нест. Дар суҳбати телефонӣ ӯ изҳор намуд, ки ӯ ва зерҳимояаш ба ҳукм розӣ нестанд ва пас аз дастрас шудан нусхаи ҳукм, аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Шодибек Султонов моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон боздошт шуда буд. Нахуст ӯ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғоратгарӣ айбдор дониста мешуд, амммо баъдтар суд моддаи «ғоратгарӣ»-ро ба «тамаъҷӯӣ» иваз намуд.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардан аз онҳо 350 ҳазор евро тамаъҷӯӣ кардаанд.

Се нафари ҳамроҳи Султонов, ки ҳангоми содир шудани ҳукм нисбати Шодибек Султонов мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт шуда, нисбати онҳо тафтиш идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...