Агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми
4 млн. 990 ҳазор сомонӣ
исрор варзад, ширкати «Мовароууннаҳр» ба суд муроҷиат мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ширкат ба унвони бонк мактуби расмӣ фиристода, ишора намудааст, ки маблағи воқеъии қарзи ширкат дар назди бонк ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
«Албатта, мо аз эҳтимол дур намедонем, ки қарз аз ҳисоби фоизҳои солона афзоиш ёфта бошад, аммо ҳаминро яқинан гуфта метавонам, ки ширкат ба бонк 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карланӣ нест, зеро чунин маблағ надорад. Мо ба бонк маблағи қарзи воқеъии худ – 2 млн. 400 ҳазор сомониро баргардониданием ва аз ин рӯ, бо мактуб ба бонк муроҷиат намуда, дубора мавриди омӯзиш қарор додани ин вазъи ногуворро пешниҳод кардем», – иброз дошт Ёров.
Номбурда афзуд, рӯзҳои наздик бояд ба ширкат посухи бонк бирасад ва агар бонк пешниҳоди ширкатро рад карда, пардохти 4 млн. 990 ҳазор сомониро талаб кунад, ширкат ҳатман ба суд муроҷиат хоҳад кард.
Ба қавли қавли ӯ, «Ориёнбонк» ба талаб кардани пардохти фоизҳо ҳуқуқ надорад, зеро пас аз боздошти Охунов иншооти ширкат аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳти ҳабс қарор дода шуда, ҳамчунин анҷом додани ягон муомилот бо амвол манъ гардида буд. Аз ин рӯ, аз ҳисоби фурӯши иншоот ширкат ба бонк қарзро баргардонида наметавонист.
Дар ҳамин ҳол, дар «Ориёнбонк» аз шарҳи чӣ гуна афзудани қарзи ширкати «Мовароуннаҳр» ва нияти фурӯхтани амволи дар ихтиёри бонк будаи ширкат худдорӣ карданд. Айни замон як қароргоҳи ширкат бо техникаи зиёди сохтмонӣ, таҷҳизоти истеҳсоли бетон ва майдони сохтмони 19,2 гектар дар ихтиёри бонк қарор дорад.


