Кӯмаки хайрияи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Рашт

Date:


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қишри камбизоати аҳолии водии Рашт кӯмаки хайрия фиристод.

Тавре як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз номи президент ба беш аз 4,5 ҳазор нафар сокинони минтақа дар ҳаҷми 534,6 тонна маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла 459 тонна орд ва маҳсулоти макаронӣ, 22,5 тонна биринҷ, ҳамин миқдор шакару маҳсулоти лӯбиёгӣ ва зиёда аз 8 тонна равғани рустанӣ кӯмак расонида шудааст.

«Ғайр аз ин, ба сифати кӯмаки башардӯстона ба минтақа 4,5 ҳазор комплекти сарулибоси гуногун барои кӯдакон низ фиристода шуд», – таъкид кард манбаъ.

Ба қавли ӯ, кӯмаки аз номи сарвари давлат ба минтақа воридшуда тибқи рӯйхати аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳияшуда тақсим карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related