Тоҷири маъруф Зайд Саидов, ки айни замон ба иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ қарор дорад, аз хизматгузории яке аз адвокатҳояш – Шуҳрат Қудратов даст кашид.
Худи Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изхор дошт: «Дирӯз ҳангоми вохӯрӣ зерҳимояам ба ман изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқҳои зерҳимояам пофишорӣ кардан ва қотеъона дар мавқеи ҳимоят қарор доштани ман ӯро каме нороҳат мекунад, ки баъзан аз он муфаттишон меранҷанд»..
Адвокат гумон дорад, ки Саидов аз хизматгузории ӯ яқинан бо фишори тафтишот ба ивази ваъдаи баъзе сабукиҳо даст кашидааст. «Аз он дар тааҷҷубам, ки ҳамин як рӯз пеш аз ин Саидов ба хешовандонаш изҳор намуд, ки барои ӯ се адвокат кифоя аст ва аз писараш хоҳиш намуд, ки ҳимоятгарони дигар кироя накунад», – мегӯяд Қудратов.
Акнун аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов ду адвокат – Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров ҳимоят мекунанд.
Shuhrat Qudratov
from
Asia-Plus
on
Vimeo
.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.
Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.
Аввали ҳафтаи равон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи
ҳолатҳои нави
марбут ба парвандаи ҷиноии Зайд Саидов як иттилоияи расмӣ пахш намуд.


