Палатаи поёнии парлумон ба таътил мебарояд

Date:


Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуда, дар он аз фаъолияти парлумон натиҷагирӣ мешавад.

Мутобиқи регламенти МНМО ҶТ, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар аз 1-уми июл ба таътил рафта, аз рухсатии навбатии худ истифода мекунанда ва ҳамчунин бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳо вохӯриҳо доир менамоянд.

Иҷлосияи навбатии панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябри соли равон ба кор оғоз мекунад.

Аммо аввали моҳи август даъвати ҷаласаи навбатии муштараки ҳарду палатаи парлумон дар назар буда, дар он санаи баргузории маъракаи интихоботи президентӣ эълон мегардад.

Мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон, санаи баргузории интихоботи президенти кишвар дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон се моҳ қабл то баргузор шудани интихобот эълон карда мешавад. Маъракаи интихоботи президентии ахир дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 2006 доир гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...