Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба боздошти собиқ журналисти назетаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов изхороти расмӣ пахш намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, рӯзи 24.06.с.2013 ба ШВКД дар ноҳияи Ашт шаҳрванд Аҳадова Санавбар Абдуғаффоровна соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21.06.с.2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич соли таваллудаш 1960, сокини кӯчаи М.Воҳидови ноҳияи мазкур, рӯзноманигори рӯзномаи «Нигоҳ» дар ноҳияи Ашт, аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Сипас такроран рӯзи 24.06.с.2013 Исмоилов М.А. барои нашр накардани ин маълумотҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич баъди гирифтани маблағи пулии 400-сомонии бо роҳи тамаъҷӯӣ талабнамудааш дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 250, қисми 1 КҶ ҶТ парванди ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир наудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.
Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ӯро дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣдӣ намуда, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам ва 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул гардидан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.


