Гурӯҳи навбатии тоҷикон аз Маскав истирдод шуданд

spot_imgspot_img

Дата:


28-уми июн гурӯҳи иборат аз шаш нафар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо қарори додгоҳҳои марбута барои нақзи қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия аз Маскав ба Душанбе истирдод шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтаи матбуоти Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрвандони бо қарори додгоҳ истирдодшудаи  Тоҷикистон – Асрор Афсахов, Лола Абдуқаҳҳорова, Аскар Назармаҳмадов, Гулчеҳра Ҳаитова, Маҳмуд Холбеков ва Абдуллоҷон Мӯъминов аз ин пас ҳуқуқи вуруд ба Русияро дар муддати панҷ соли оянда надоранд.

«Шахрвандони истирдодшудаи Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф аз қаламрави Русия бадар карда шудаанд. Адами сабти номи расмӣ, шаҳодатномаи кор, қайди ҷои зист аз ҷумлаи сабабҳои истирдодашон зикр мегарданд»,- қайд кард манбаъ.

Зимнан намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ бори дигар аз муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ хост, пеш аз сафар ба Русия қоидаи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро омӯзанд.

«Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва бахшҳои зертобеъяш дар ҷойҳо ба муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ кӯмаки машваратӣ мерасонанд ва онҳоро бо қоидаҳои будубош дар қаламрави дигар давлатҳо ошно месозанд»,- таъкид кард манбаъ.

Популярное

Похожие материалы