Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) имрӯз як дастури нав таҳти унвони «Ҳокимият ва матбуот: ҳамкории мутақобилаи хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ бо ВАО»-ро барои котибони матбуотӣ ва журналистон муаррифӣ кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии АМВАОМТ, дастури дар пешорӯи оғози нишастҳои хабарии нимсолаи вазорату идораҳо чопшуда ҷиҳати дастрасии хубтар ба сарчашмаҳои расмии маълумот мусоидат намуда, тарзи мунтазами амалкард оид ба беҳбуди ҳамкории мутақобила миёни хадамотҳои матбуот ва ВАО-ро таъмин мекунад.
«Дар дастур ба нақши хадамоти матбуоту сухангӯёни вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо, сифату малакаи кории онҳо ва доираи масъулияту вазифаи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории ҶТ, ки ҳолатҳои дастрасӣ ба маълумотро танзим мекунанд, ба таври дастрасу фаҳмо барои ҳамагон дарҷ шудаанд, то ки хонандагон дар бораи зарурати шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, дастрасӣ ба маълумот ва дигар масоили марбут ба пешбурди равандҳои демократӣ ва таҳкими ҳокимияти мардум тавассути амалисозии сиёсати иттилоотии давлат ахбор ба даст оварда тавонанд», – зикр мегардад дар иттилои АМВАОМТ.
Қобили зикр аст, ки дастури мазкур аз ҷониби АМВАОМТ бо дастгирии International Media Support (Дания) дар доираи амалисозии лоиҳаи «Тавсеъаи дастрасӣ ба маълумоти боэътимод аз ҳукумат» ба нашр расид. Дар ҷараёни таҳияи дастур аз маводи қаблан таҳияшудаи АМВАОМТ дар ҳамдастӣ бо муҳаққиқони Русияву Қазоқистон ва Тоҷикистон низ истифода шудааст.



