ВКД ҷузъиёти ҳамларо ба филиали бонк дар Файзобод баён дошт

spot_imgspot_img

Дата:



Рӯзи якшанбеи гузашта дар ноҳия Файзобод куштори посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини кишвар ба амал омад.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, 7-уми июли соли равон, тахминан соати 18:05 дақиқа шахсони номаълум вориди бинои филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод шуда, посбон – милитсионери шӯъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Шӯъбаи ВКД дар ин ноҳия, сержанти калони милитсия Шерализода Раҳмонхӯҷаро, ки адои хизмат мекард, бо яроқи оташфишони хизматиаш тамғаи АКС ба ҳалокат расонидаанд. Шахсони номаълум бо олоти бурандаи номаълум дари сандуқи оҳанини (сейф) хазинаро кӯшиши буридан карданд, аммо онро кушода натавониста, яроқи оташфишони мазкурро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Оид ба ҷинояти мазкур мутобиқи моддаҳои 104 қисми 2, банди «и» (Одамкушӣ) ва 249 қисми 4 банди «в» (Роҳзанӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазир роҳбари гурӯҳ мебошад. Сардорони раёсатҳои дахлдори ВКД барои кушодани ин ҷиноят сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...