Муҳоҷирати беш аз 480 ҳазор нафар тоҷикон дар зарфи ним сол

Дар зарфи шаш моҳи соли равон беш аз 480 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол ҳудуди 571 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки 480 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи шаш моҳи соли равон беш аз 480 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол ҳудуди 571 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки 480 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 51 ҳазор нафар баробар аст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 472 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Дар ин давра беш аз 230 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 197 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 33 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 745 ҳазор нафар (беш аз 87 ҳазор нафарашон занон) аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки  ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 6 ҳазор нафар камтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.