Даъвати ғайриқонунии 22 нафар мактаббачагон ба хизмати ҳарбӣ

Яке аз комиссияҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 22 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро ба хизмат даъват намудааст. Зимни нишасти хабарӣ прокурори гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа Маҳмуд Алимардонов иттилоъ дод, ки дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ комиссияи ноҳияи Шаҳритӯс 22 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро ба хизмат даъват намудааст. […]

Сайраҳмон Назриев


Яке аз комиссияҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 22 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро ба хизмат даъват намудааст.

Зимни нишасти хабарӣ прокурори гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа Маҳмуд Алимардонов иттилоъ дод, ки дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ комиссияи ноҳияи Шаҳритӯс 22 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро ба хизмат даъват намудааст.

Ба қавли ӯ, 25-уми майи соли равон прокуратураи гарнизони Душанбе нисбати аъзои комиссияи ноҳиявии даъват мутобиқи моддаҳои 391 (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) ва 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ иштироки ҳар кадоме аз аъзои комиссияи ноҳиявӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур муайян карда шуд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи Алимардонов, то ба имрӯз 13 далели ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ муайян гардида, аз рӯйи далелҳои дигар тафтиш идома дорад. Чаҳор нафари мактаббачагони ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба хонаҳояшон баргардонида шудаанд.

Ба андешаи коршиносон, ҳолати мазкур мавҷудияти мушкилоти кайҳо маъмули «облава»-ро боз ҳам рӯшантар намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.