Давлат Усмон: Тошканд то кунун истиқлолияти Душанберо эътироф намекунад

Давлат Усмон яке аз раҳбарони собиқ Мухолифони муттахидаи тоҷик, собиқ ноиби сарвазир, вазири пешини иқтисоди ҷумҳурӣ, яке аз муассисони бахши  тоҷикии Ҳизби наҳзати исломии ИҶШС рӯзи ҷумъа дар нишасти навбатии Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» иброз дошт, ки Тоҷикистон дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳалқаи заифе дар миёни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ […]

Аваз Юлдашев


Давлат Усмон яке аз раҳбарони собиқ Мухолифони муттахидаи тоҷик, собиқ ноиби сарвазир, вазири пешини иқтисоди ҷумҳурӣ, яке аз муассисони бахши  тоҷикии Ҳизби наҳзати исломии ИҶШС рӯзи ҷумъа дар нишасти навбатии Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» иброз дошт, ки Тоҷикистон дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳалқаи заифе дар миёни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд ва ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта бисёр қарорҳои барои Тоҷикистон тақдирсоз дар Маскав ва Тошканд қабул мешуданд.

Ҳатто раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва худи Тоҷикистонро Маскав бидуни пазириши Тошканд таъин намекард. Имрӯза раҳбарияти Узбекистон бошад, баъд аз 21 соли истиқлолият бо хотироти гузашта вуҷуд дорад  ва мустақилияти Тоҷикистонро ҷиддан қабул намекунад.

«Чунин муносибати беилтифотонаи раҳбарони узбек ба зудӣ мегузарад, фақат вақт лозим аст», -қайд кард Усмон.

Дар идома ӯ таъкид кард, ки барои аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дар радифи омилҳои дохилӣ ҳамчунин мудохилаи Маскав ва Тошканд низ мусоидат кардааст.

«Ман фикр дорам, ки Тошканд аз Маскав дида бештар ба барангезиши ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардааст, зеро аввоили соли 1992 Маскав то дараҷае заиф буд, ки ҳар иқдоми пешгирифтаи Узбекистон дар минтақа аз ҷониби Русия эътироф мешуд»,- таъкид дошт Усмон.

Ба ақидаи сиёсатмадори тоҷик, ба он, ки Узбекистон дар созмондиҳии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст, набояд раҳбарияти кишвари ҳамсояро гунаҳкор кард, зеро онҳо аз рӯйи мулоҳизоти ҳимояи амнияти миллии кишвар, бо мақсади фурӯнишони ҳаракатҳо ва қувваҳои демократии пайдошаванда дар Узбекистон  амал карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.