Сафири Тоҷикистон бо муовини ВКХ-и Қатар масоили ҳамкориро баррасӣ кард

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ  11-уми  июл  бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Ал-Ҳоҷирӣ мулоқот дошт. Тибқи   иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ,  дар рафти сӯҳбат маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр карда шуд, ки барои суръат бахшидан ба […]

Азия-Плюс


Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ 


11-уми  июл 


бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Ал-Ҳоҷирӣ мулоқот дошт.


Тибқи


 


иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, 

дар рафти сӯҳбат маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр карда шуд, ки барои суръат бахшидан ба инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба тамоми имконот фароҳам оварда мешавад.

Зимнан ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкориро дар соҳаи об баррасӣ карданд, ки дар таърихи 20-21 августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Сафири Тоҷикистон аз роҳбарияти Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар ин Ҳамоиш даъват ба амал овард. Ҷониби Қатар нисбати ин даъват бо як таваҷҷӯҳи хоса назар намуда, зикр кард, ки масъалаи об яке аз проблемаҳои муҳими Давлати Қатар, инчунин тамоми инсоният мебошад.

Ҳамчунин тарафҳо оид ба масоили дигари тарафайн табодули назар намуданд ва баҳри боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.