Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон чанде қабл мулоқоти директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми ҷумҳурӣ Олимҷон Бобоев бо ҳайати Донишгоҳи молия ва иқтисоди Синтзяни Чин баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, олими тоҷик ба ҳамтоҳои чинии худ – директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Осиёи Марказӣ Чжан Венчжун ва дотсенти Донишкадаи савдои байнулмилалӣ ва молия Ху Ин дар бораи фаъолияти пажӯҳишгоҳи таҳти роҳбарии ӯ қарордошта маълумот дода, зикр намуд, ки муассиса ба омӯзиши масоили таҷдиду азнавсозии иқтисод дар партави таҷрибаи иқтисоди ҷаҳонӣ, азнавсозии бахшҳои соҳавии он, пешгӯиву тарҳрезии рушди минбаъдаи иқтисод ва ҳамчунин масъалаҳои ташаккули оила, мизони таваллуду маргумир ва мушкилоти муҳоҷират машғул аст.
Ба иттилои манбаъ, Бобоев ҳамчунин зикр кардааст, дар пажӯҳишгоҳ масъалаи нақши Чин дар рушди Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони асосии хориҷии кишвар низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дошта, ба самтҳои нави таҳқиқот – менеҷмент ва маркетинги байнулмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Гуфта мешавад, олимони Чин изҳор намудаанд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи молия ва иқтисоди Синтзян ба ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Меҳмонон ба роҳандозии ҳамкорӣ бо олимони тоҷик дар масъалаҳои равандҳои ҳамгиройӣ, иқтисод ва муҳоҷират ҳавасмандӣ зоҳир намудаанд.



