Гумонбарии табиби гиторнавози марҳуми гурӯҳи «Парем» ба ришваситонӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ Илҳом Носиров, мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ва табиби муолиҷакуни Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози марҳуми гурӯҳи «Парем»-ро боздошт намуд. Бино ба маълумоти торнамои расмии Агентӣ, 17-уми марти соли ҷорӣ Ҳазратқулов бо ҷароҳати мағзи сар ба бинои 5-уми шуъбаи […]

ASIA-Plus


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ Илҳом Носиров, мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ва табиби муолиҷакуни Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози марҳуми гурӯҳи «Парем»-ро боздошт намуд.

Бино ба маълумоти торнамои расмии Агентӣ, 17-уми марти соли ҷорӣ Ҳазратқулов бо ҷароҳати мағзи сар ба бинои 5-уми шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, баъди гузашти 45 рӯз дар ин шуъба фавтид.

Гуфта мешавад ташхис ва муолиҷа дар ин шуъба ройгон буда, баргузории ҷараёни табобат ба зиммаи Илҳом Носиров ва зертобеъони ӯ вогузор шудааст, аммо бо маслиҳати пешакӣ ва истифода аз вазъи душвори волидайни бемор, табибон падари нафақахӯри ӯ –  Муродқул Ҳазратқуловро маҷбур мекунанд, ки барои муолиҷа ва харидани доруворӣ маблағи пулӣ пардохт намояд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Носиров муддати 43 рӯз аз падари бемор ба сифати пора 10 ҳазору 470 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст. Барои харидани доруворӣ, ташкили навбатдорӣ, таъмин бо ғизо ва ғайра падари Ҳазратқулов дар маҷмӯъ 104 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот намудааст.

Пас аз фавти бемор дар шуъбаи эҳёгарӣ, Муродқул Ҳазратқулов ба Илҳом Носиров муроҷиат намуда, аз ӯ дархост мекунад, ки як қисмати маблағҳои ба сифати мукофотпулӣ барои табобати пурсамари писараш гирифтаро баргардонад. Санаи 16-уми июл Носиров дар ҳуҷраи кории худ як қисмати маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомониро ба Ҳазратқулов баргардонида, ин ҳангом аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дастгир шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба мудири шуъбаи эҳёгарӣ мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст. Айни замон тафтиши пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.