Шаҳрдорӣ: Таъини нархҳои муайян дар бозорҳо ташаббуси соҳибкорон аст

Таъини нархҳои муайян ба навъҳои асосии маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар моҳи Рамазон ташаббуси худи соҳибкорони шаҳр буда, мақомоти шаҳрдории пойтахт онҳоро ба фурӯши маҳсулоти ғизойӣ бо нархҳои паст уҳдадор накардааст, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории Душанбе Сайфулло Амонов. Ба гуфтаи ӯ, дар […]

Аваз Юлдошев


Таъини нархҳои муайян ба навъҳои асосии маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар моҳи Рамазон ташаббуси худи соҳибкорони шаҳр буда, мақомоти шаҳрдории пойтахт онҳоро ба фурӯши маҳсулоти ғизойӣ бо нархҳои паст уҳдадор накардааст, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории Душанбе Сайфулло Амонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар пешорӯи моҳи шарифи Рамазон як гурӯҳи ташаббускори соҳибкорони пойтахт дар соҳаи нархгузорӣ ба навъҳои асосии маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои пойтахт мониторинги дақиқ доир намуда, ба хулосае расид, ки дар муддати як моҳ бо нархҳои муқарраршуда фурӯхтани онҳо имконпазир аст ва шаҳрдорӣ онҳоро танҳо дастгирӣ намудааст.

Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки мақомоти шаҳрдорӣ баҳри коҳиши нарх ба маҳсулоти асосии ғизойӣ ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад, аз ҷумла ба бозорҳо ва соҳибкорони ҷудогона қарзҳои бефоиз пешниҳод намуда, ярмарка-фурӯшҳои иловагӣ ва нуқтаҳои савдо ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, ки нархҳои тавсияшуда ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи Рамазон асосан риоя гардида, кӯшишҳои ҷудогонаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои баланд аз ҷониби роҳбарони бозорҳо пешгирӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи

қарори раиси пойтахт аз 8 июл

«Дар  бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки давоми моҳи шарифи Рамазон маҳсулоти ғизойии мавриди ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои зерин фурӯхта шаванд: гӯшти гов то 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 30 сомонӣ, орди навъи якум аз гандуми воридгардида аз хориҷа то 2,6 сомонӣ, картошка то 1,5 сомонӣ, бехпиёз то 65 дирам, сабзӣ то 1,6 сомонӣ, шакар то 4,2 сомонӣ, равғани рустанӣ то 7,5 сомонӣ, биринҷ то 6 сомонӣ барои як килограмм, шир дар бозорҳо то 3,5 ва шири истеҳсоли ҶСК «Комбинати шири Душанбе» 4,5 сомонӣ барои як литр, тухм то 50 дирам барои як дона ва гӯшти мурғи ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ барои як килограмм.

Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлия ҳамчуни санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, комиссияҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамчунин як қатор мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?