Баррасии парвандаи С.Ризоев ва С.Тошев дар додгоҳ ба рӯзи дигар гузаронда шуд

Тавре  Файзиниссо Воҳидова,  вакили мудофеи Садриддин Тошев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, 26-уми июл прокурори вилояти Суғд Рауфхон Алиев ба мурофиаи судӣ ҳозир шуда, ба суд дархост оид ба ҷудо шудани вақт барои шиносоӣ бо маводи парванда пешниҳод кард. Аз ин рӯ, мурофиаи навбатӣ ба сешанбеи 30-юми июл гузаронида шуд. «Додгоҳ дархости прокурорро қонеъ кард. […]

Мавлуда Рафиева


Тавре 


Файзиниссо Воҳидова, 


вакили мудофеи Садриддин Тошев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, 26-уми июл прокурори вилояти Суғд Рауфхон Алиев ба мурофиаи судӣ ҳозир шуда, ба суд дархост оид ба ҷудо шудани вақт барои шиносоӣ бо маводи парванда пешниҳод кард. Аз ин рӯ, мурофиаи навбатӣ ба сешанбеи 30-юми июл гузаронида шуд.


«Додгоҳ дархости прокурорро қонеъ кард. Ман ҳам дар навбати худ ба суд дархост пешниҳод кардам, ки парванда дар бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардад, аммо раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ки дархостро рӯзи сешанбе баррасӣ мекунад», – гуфт  Воҳидова.

Воҳидова ҳамчунин тасдиқ кард, ки 

Маҳмурод Одинаев, 


падари айбдоршаванда С.Ризоев 


қаблан


 


ба назди муфаттиш иҷборан ҳозир карда шуд. «Маҳмурод чандин дафъа даъвати муфаттишро барои бозпурсӣ рад кардааст. Чун дар нисбати ӯ ҳам парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва як қисми он дар истеҳсоли алоҳида барои додани маълумоти бардурӯғ қарор дорад. Гап сари он аст, ки тибқи хулосаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, маҳз Одинаев наворҳои видеоиеро, ки дар онҳо саҳнаҳои хушунат ва шиканҷа дар зиндонҳо инъикос ёфтаанд, ба сомонаҳои Интернетӣ фиристодааст. Аммо ӯ мегӯяд, ки ба нишонии манзилаш ҳеҷ гоҳ даъватнома барои бозпурсӣ наомадааст. Муфаттиш Парвиз Қосимов аз ҳозиршавии Одинаев ба мурофиаи судии фарзандаш истифода карда, ҳамзамон 


оид ба даъвати иҷборӣ ӯ


 


қарор баровард», – гуфт вакили мудофеъ.

Ёдрас мешавем, мурофиаи судӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки тирамоҳи соли гузашта  аз муассисаи ислоҳии №1-и  шаҳри Душанбе мунтақил шуданд, 25-уми июл шурӯъ гардид. Маҳбусон мутобиқи моддаҳои 21, қ. 1 (Ретсидиви ҷиноят), 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ айбдор дониста мешаванд.

Пайдо шудани навори видеоӣ дар ВАО асоси ин айбгузориро ташкил медиҳад. Дар ин навори видеоӣ Ризоев ва Тошев нишонаҳои лату кӯб ва шиканҷаро нишон медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, назоратчиёни зиндони Хуҷанд онҳоро лату кӯб кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.