Ба хусусигардонии собиқ монополистҳо алҳол иҷозат нест

Масъалаи хусусигардонии собиқ сохторҳои монополистиро, ки баъди бозсозӣ ба якчанд воҳидҳо тақисм мешаванд, ҳукумат алҳол баррасӣ надорад. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Анвар Наҷмиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июл дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми сохторҳое, ки қаблан корхонаҳои бузург ва монополистҳо дар бозор маҳсуб меёфтанд, ба ҷамъиятҳои […]

Заррина Эргашева


Масъалаи хусусигардонии собиқ сохторҳои монополистиро, ки баъди бозсозӣ ба якчанд воҳидҳо тақисм мешаванд, ҳукумат алҳол баррасӣ надорад.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Анвар Наҷмиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми июл дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми сохторҳое, ки қаблан корхонаҳои бузург ва монополистҳо дар бозор маҳсуб меёфтанд, ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100%-и ҳиссаи давлат табдил дода шуданд.

«Ҳадафи асосии азнавташкилдиҳии корхонаҳои бузург тақсими онҳо ба субъектҳои ҷудогонаи хоҷагидорӣ аст, то ки дар байни онҳо робитаҳои истеҳсолии иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, ҳамчунин фаъолияти пурсамари ин корхонаҳо таъмин карда шавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гунаи мисол ӯ аз вазъи кунунӣ дар ҶСК «Тоҷик Эйр» сухан гуфта, зикр кард, ки пас аз тақсими корхона ба воҳидҳои алоҳида даромаднокии онҳо тадриҷан афзуда, ҳаҷми зарар коҳиш меёбад ва дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои иқтисодӣ хуб шуда истодаанд.

«Дар робита ба хусусигардонии корхонаҳо ҳукумат нақшае надорад ва айни замон ҷиҳати фурӯши онҳо барои фаъолияти озодона ба хулосаи ниҳоӣ нарасидааст, ҳамаи онҳо таҳти назорати давлат қарор дошта, баъзе иншооти ҷудогонаи зербинои ин корхонаҳо ба фурӯш гузошта мешаванд, ки аз ҷониби ширкатҳо мавриди истифода қарор надоранд», – гуфт Наҷмиддинов.

Қобили зикр аст, ки айни замон бозсозии се корхонаи давлатӣ – «Телерадиоком», «Тоҷиктрансгаз» ва «Тоҷик Эйр» пурра (100%) ба анҷом расида, корҳои таҳияи нақшаи инфиродии хусусигардонии боз 6 субъектҳо идома доранд. Аз ҷумла, корхонаҳои бузурге чун энергохолдинги «Барқи тоҷик» ва Ширкати алюминии тоҷик «Талко» низ бозсозӣ ва ба якчанд корхонаҳои ҷудогона табдил дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.