Қарзи дохилии давлатии Тоҷикистон ба 2,7 млрд. сомонӣ баробар аст

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзии дохилии давлатии Тоҷикистон 2 млрд. 745 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 6,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Тавре аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, имсол барои пардохти қарзи дохилӣ ҷудо гардидани 83,1 ҳазор сомонӣ дар назар аст, ки пурра барои пардохти фоизҳои векселҳои […]

Заррина Эргашева


Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзии дохилии давлатии Тоҷикистон 2 млрд. 745 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 6,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Тавре аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, имсол барои пардохти қарзи дохилӣ ҷудо гардидани 83,1 ҳазор сомонӣ дар назар аст, ки пурра барои пардохти фоизҳои векселҳои давлатӣ таъин шудааст ва дар нимсолаи аввал баҳри пардохти он аз буҷети давлатӣ 24,7 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст.

«Сохтори қарзи дохилии давлатӣ натанҳо аз векселҳо, балки аз коғазҳои қимматноки қарзи давлатӣ, ки ба ивази талаботи қарзӣ оид ба пахта ба бонкҳои тиҷоратӣ ҷудо шудаанд, низ иборат мебошад», – гуфтанд дар Вазорати мазкур.

 Зимнан зикр гардид, ки ба сохтори қарзи дохилии давлатӣ ҳамчунин вомҳои Бонки миллӣ ва эмиссияи облигатсияҳои вомҳои бурдноки дохилии давлатии ҶТ ва ҳамчунин коғазҳои қимматноки нашри соли 2012-и БМТ ба маблағи 280 млн. сомонӣ низ дохил мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2013 қарзи дохилии Тоҷикистон аз векселҳои хазинадории Вазорати молияи ҶТ дар ҳаҷми 153,7 млн. сомонӣ, облигатсияҳои вомҳои бурдноки дохилии давлатии ҶТ – 10 млн. сомонӣ, векселҳои давлатии Вазорати молия (хоҷагиҳои пахтакор) – 295 млн. 48,9 ҳазор сомонӣ, векселҳои хазинадории Вазорати молия – 280 млн. сомонӣ, векселҳои Вазорати молия барои сармоягузории дубора ба ҶСК «Агроинвестбонк» – 500 млн. сомонӣ (муҳлати пардохт то соли 2020) ва 200 млн. сомонӣ (муҳлати пардохт то соли 2017) ва векселҳои оддии Вазорати молия – 1 млрд. 305 млн. 702,5 ҳазор сомонӣ иборат аст.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.