Бозгашти вазири мудофиа аз Маскав ба таъхир афтод

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки президенти Тоҷикистонро дар сафараш ба Маскав ҳамроҳӣ намуд, муддати чанде боз дар пойтахти Русия қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар Маскав Шералӣ Хайруллоев бояд масъалаҳои техникии тавофуқоти ҳосилшуда миёни Раҳмон ва Путин оид ба ҳамкориҳои […]

Аваз Юлдошев


Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки президенти Тоҷикистонро дар сафараш ба Маскав ҳамроҳӣ намуд, муддати чанде боз дар пойтахти Русия қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Маскав Шералӣ Хайруллоев бояд масъалаҳои техникии тавофуқоти ҳосилшуда миёни Раҳмон ва Путин оид ба ҳамкориҳои низомӣ-техникиро ҳаллу фасл намояд.

Ба андешаи коршиносон, бозгашти Хайруллоев ба хотири дақиқ кардани ҷузъиёти кӯмаки Русия дар таъмини Артиши Тоҷикистон бо силоҳи ҷадид ба ивази ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвар  ба таъхир афтод.

Аксари коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маҳз ҳал нашудани ин масъала дар баробари амалисозии созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия бидуни боҷи содиротӣ ва ҷорӣ сохтани баъзе имтиёзот ба муҳоҷирони кории тоҷик сабаби ба дарозо кашидани тасдиқи Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни гуфтушуниди срони кишварҳои Русияву Тоҷикиситон дар Маскав масоили тасдиқ ва амалисозии асноди моҳи октябри соли 2012 баимзорасида миёни кишварҳо баррасӣ шуда, зикр гардид, ки ин масоил ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.